Вохӯрӣ бо занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ оид ба баробарҳуқуқӣ

Дар маркази  ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки   Қаноат Иброҳимова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сабоҳат Маҳмадалиева,  сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масъалаҳои ихтилофи мазҳабӣ, Миҷгона Ҳайдарова, мудири шуъбаи кор бо занони ноҳияи Рӯдакӣ  ва занони фаъоли ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба масъалаҳои  баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа, саҳми занон дар таълиму тарбияи насли наврас ва  тарбияи наслҳои ояндасози миллат дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва тақлиди занону духтарон ба фарҳанги бегона  вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад масъулин роҷеъ ба нақши занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои онҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти дастгирии занон , омилҳои даст задани занону  ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни  ҷавонону занон сухан гуфтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: