Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ» бо ҷавонони фаъол ва мутасаддиёни соҳа мулоқот баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, дар мулоқот аз ҷавонони фаъол даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии бархе ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ саҳмгузор бошанд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки наврасону ҷавонони моро зарур аст ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
АМИТ «Ховар»