Дар ноҳияи Ашт мавсими нави обёрӣ оғоз гардид

Чанде қабл Зариф Мирдадо, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ашт дар пойгоҳи обкашии АНС-1, ки зиёда аз 12 ҳазор гектар заминро бо об таъмин менамояд, ба мавсими нави обёрӣ дар ноҳияи Ашт оғоз бахшид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, Зариф Мирдадо зимни оғози мавсими нави обёрӣ ба масъулин супориш дода, гуфт, ки обёрии заминҳоро сарфакорона ва сари вақт таъмин намоянд.
«Соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тозакунии каналу ҷӯйборҳо дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ барвақт оғоз гардид ва обёрии заминҳои ноҳия назар ба солҳои қаблӣ пеш аз муҳлат ба роҳ монда шуд»,- иброз дошт Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт.

АМИТ «Ховар»

Tags: