Ҳалокати беш аз 100 нафар зимни обхезӣ дар Перу

Дар Перу бар асари бориши шадиди борон шаҳри Пиура пурра зери об мондааст.
Тибқи иттилои охирин шумораи ҳалокшудгони дар натиҷаи офати табиӣ қариб ба 100 нафар расида, 20 каси дигар бенишон гардиданд. Обхезӣ ба 200 ҳазор бинои истиқоматӣ зарар расондааст. Дар шаҳри Пиура кормандони хадамоти дахлдор қариб 300 ҳазор оиларо ба ҷойҳои бехавф кӯчонданд.
Бояд гуфт, ки дар Перу давоми як моҳ мешавад, ки бориши шадиди борон қатъ намегардад. Ба гуфтаи ҳавошиносон дар Перу бориши борон чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард. Ҳаҷми зарари офати табиӣ дар Перу 800 миллион долларро ташкил медиҳад.

Tags: