Қонун «Дар бораи хазинадорӣ» аз тамоми истифодабарандагони маблағҳои буҷети давлатӣ масъулияти баланд талаб менамояд

Дирӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», ки чанде қабл аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардида буд, ба имзо расид.

Ҳадафи қонуни мазкур таҳкими назорати иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шаффофияти даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ буда, он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилии низоми хазинадорӣ ва тартиби фаъолияти мақомоти хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Қонун аз 9 боб ва 27 модда иборат буда, боби 1 мафҳумҳои асосӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар бораи хазинадорӣ дар бар мегирад. Дар боби 2-юми қонун мақомоти хазинадорӣ, низом, ваколат, вазифа ва ҳуқуқи онҳо муайян гардида, боби 3 асосҳои ташкили иҷрои буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадориро ба танзим медарорад. Масъалаҳо вобаста ба  суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, механизми бонкии хазинадорӣ ва ҷойгир намудани маблағҳои озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ дар боби 4 дарҷ гардидаанд.

Боби 5-уми қонун муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ, мақомоти хазинадорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ, инчунин уҳдадориҳои гирандагони маблағҳои буҷетиро фаро мегирад. Масъалаҳо вобаста ба баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба иҷрои буҷет, инчунин назорат ва аудити фаъолияти мақомоти хазинадорӣ дар бобҳои 6 ва 7 дарҷ гардида, бобҳои 8 ва 9 талабот оид ба ҳифзи иттилоот ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегиранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баррасӣ  ба Парлумони  мамлакат пешниҳод гардида буд, 23 октябри соли 2019 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон муҳокима шуда, дар таҳрири нав қабул гардид. Зимни тавзеҳи  ин қонун Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода гуфта  буд, ки мақсади қонун  таҳкими назорати раванди иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани механизми маблағгузорӣ, қабули ҳуҷҷатҳои пардохтӣ тавассути алоқаи электронӣ ва барномаҳои ҷадиди соҳавӣ, такмили тартиби таҳияи ҳисоботи дахлдори иҷрои буҷети давлатӣ, бахусус таъмини шаффофияти даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ мебошад. Вазири молия зикр намуд, ки шурӯъ аз соли 2015 ба муассисаю ташкилотҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ ва аз 1 январи соли 2016 ба мақомоти молияи маҳаллӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ пайваст гардида, ҳуҷҷатҳои маблағгузории худро тавассути ин низом анҷом диҳанд. Инчунин бо мақсади сода ва шаффоф намудани амалиёти маб­лағгузорӣ, аз 1 январи соли 2016 пардохти музди меҳнати муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, идрорпулӣ ва аз 1 апрели соли 2018 пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказӣ хизматрасонӣ карда мешаванд, мустақилона, яъне, бо тарзи электронӣ ба роҳ монда шуд. Қонун аз тамоми истифодабарандагони маблағҳои буҷети давлатӣ барои самаранок истифода бурдани маблағҳо масъулияти баланд талаб менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: