Дарвозаи рамзии шаҳри Истаравшан, ки ба талаботи таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷавобгӯ набуда, боиси рух додани шумораи зиёди садамаҳои нақлиётии ҳалокатовар гардидааст, аз байн бардошта мешавад.
Иқдоми аз байн бардоштани дарвозаи рамзии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ба ин васила ҳифз намудани ҳаёту саломатии иштирокдорони ҳаракат дар роҳ гирифта шудааст. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, то соли 2016 дар ин дарвоза 9 садама рух додааст, ки дар он 8 нафар ба ҳалокат расидаву 14 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Бино ба иттилои мудири Шӯъбаи нақлиёт ва комуникатсияи дастгоҳи Раиси вилоят Олимҷон Азаматов, дар асоси қарори Комиссияи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ 7 июл гурӯҳи корӣ ба шаҳри Истаравшан сафар намуд ва ин дарвоза аз сари роҳ гирифта мешавад. Барои анҷоми корҳо техникаҳои зарурӣ сафарбар гардидаанд.
Дарвозаи мазкур дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан қарор дорад ва он расман соли 2008 ба истифода дода шуда буд.
www.khovar.tj