Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асифро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунсамти давлатҳо, ки имсол аз барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, самараи он дар рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои энергетика ва амниятӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад.
Ҷонибҳо ба натиҷаи ҳамкории муштараки сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавию хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амниятии минтақа, бахусус терроризм ва ифротгароӣ, баҳои арзанда доданд.
Ҳамкории низомию техникии ду кишвар, бахусус тақдими кумакҳои техникӣ ба Тоҷикистон бароии мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади давлатӣ муҳиму назаррас маънидод гардид.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои дорои аҳамияти минтақавӣ — энергетика, соҳаи нафту газ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ баррасӣ гардида, фаъолгардонии Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор ва фаъолияти самарабахши Зергуруҳи муштараки он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла амалигардонии барномаи КАСА-1000 барои ҳарду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ карда шуд.
Пешниҳод гардид, ки барои зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо, бо дарназардошти зарфиятҳои бузурге дар ин самт, аз фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ истифода карда шавад.