Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос шуд.
Ҳадаф аз сафари Сарвазири мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ҷаласаи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода дода шуда буданд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайъати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз мавзеи навсозии фурудгоҳи Қӯрғонтеппа дидан карда, бо ҷараёни корҳои соҳилмустамкамкунӣ дар атрофи фурудгоҳ ва навсозии хатти парвози он шинос шуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳи Қӯрғонтеппа навсозӣ гардида, хатти парвози он то 165 метр дароз карда мешавад.
Бо анҷоми муваффақи ин амал фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, теъдоди парвозҳо зиёд мешаванд.
Дар ноҳияи Бохтар Сарвазири мамлакат аз мавзеъҳои хавфноки назди соҳили деҳоти Бохтариён дидан карда, бевосита бо ҳолати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кўчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф шинос шуд.
Бояд гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар наздикиҳои рӯду дарёҳо ҷойгир мебошанд, бо масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ таъмин карда шудаанд.
Корҳои таҳкими соҳил дар ноҳияи Панҷ дар мавзеи канали Ҳалқаёр дуруст ба роҳ монда шуда, барои пешгирӣ аз хавфу хатари обхезиҳо тадбирҳои бетаъхир андешида мешаванд.
Дар шаҳри Кўлоб Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои таҳкими соҳил дар мавзеъҳои сойи Даҳана, Тебалай ва дарёи Ёхсу шинос шуда, дар ноҳияи Восеъ аз мавзеъҳои наздисоҳилии Кафтархона ва Ҳоҷаи Шом дидан карданд.
Иҷрои тадбирҳои саривақтии соҳилмустаҳкамкунӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ногувори ҳолатҳои фавқулода дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат амали муҳим шуморида шуд.
Сипас Сарвазири мамлакат бо ҳолати кор дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд.
Дар ин ноҳияҳо мавзеъҳои назди соҳили дарёи Панҷ, ки нисбатан хавфу хатар доранд, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумат таҳким бахшида шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома доранд.
Дар ҷараёни шиносоӣ Сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорату идораҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро барои иҷрои босифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирӣ аз ҳама ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияту бехатарии аҳолию иншооти таъминоти гуногун ва иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуд.
АМИТ «Ховар»