Муҳаббат Охунова, модари Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, шаби 28 май дар синни 88-солагӣаз олам чашм пӯшид.
Муҳаббат Охунова тамоми умр дар мактаби Хистеварз омӯзгорӣ карда, яке аз шахсиятҳои обрӯманди ҷамоати Хистеварзу ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд ба шумор мерафт.
Худи ҳамон рӯз ӯро дар оромгоҳи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хок супурданд.
АМИТ “Ховар” ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бино ба даргузашти модарашон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба муҳтарам Қоҳир Расулзода, аҳли оила ва пайвандону наздиконашон сабри ҷамил мехоҳад.
АМИТ “Ховар”