Теъдоди қурбониёни тирпарронӣ ва силсилатаркишҳо дар шаҳри Балади шимоли Бағдод ба 35 нафар расида, на кам аз 60 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора агентии «Рейтер» бо истинод ба манбаъ аз хадамоти амнияти маҳаллӣ хабар медиҳад.
Чанде пеш дар бораи 30 қурбонӣ ва 52 захмишуда иттилоъ дода мешуд.
Шаби ҷумъа дар назди яке аз оромгоҳҳои шаҳри Балади музофоти Салоҳуддин, ки тақрибан дар километри 90-уми пойтахти Ироқ – шаҳри Бағдод воқеъ аст, силсилатаркишҳо рух доданд. Як террористи маргталаб дастгоҳи таркандаро дар даромадгоҳи оромгоҳ, ки он ҷо кормандони полис буданд, ба кор даровард. Террористи дигар бо 9 нафар мусаллаҳ ба оромгоҳ зада даромад. Ҳамчунин ҳудуди оромгоҳ зери ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифт.
Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе, 3-июл дар маркази Бағдод бузургтарин ҳамлаи террористӣ содир карда шуд, ки бар асари он беш аз 290 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 180 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд. Масъулияти онро низ ин гурӯҳи террористӣ бар дӯш дошт.