10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо, мусоидат хоҳад кард.
Истиқболи гарму самимии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фурудгоҳи байналмилалӣ то Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи сокинони меҳмоннавози пойтахт дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, ки барои истиқбол сабзу гулпуш ва симои идона дошт, идома ёфт.
Бояд гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо анъанаҳои неки меҳмоннавозӣ дар олам шуҳрати хоса доранд. Ҳамин аст, ки ин навбат низ Сарвари кишвари дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистонро бо шиорҳо, парчамҳои ду давлат бо шукуҳи хоса истиқбол гирифтанд.
АМИТ «Ховар»