Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақсади таъмин кардани сокинони шаҳри Хоруғ бо манзил ва муҳайё намудани хизматрасонии маишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ маҳаллаи нав бунёд карда мешавад. Ин маҳалла дар дашти Тем, дар канори бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки аз маркази шаҳр 4 километр дур аст, ҷой гирифтааст. Ҳоло коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф ШС» ба мустаҳкам намудани соҳили рӯдхонаи Панҷ машғул мебошанд. Зеро дар фасли тобистон баъзан сатҳи оби рӯдхона баланд мешавад ва эҳтимоли тағйирёбии маҷрои он вуҷуд дорад. Баландии садди обнигаҳдоранда 5 метр буда, паҳноии он 8 метр аст. Ба гуфтаи муҳандиси ҷамъияти мазкур Шараф Абдуллоев, ин садд аз як сӯ маҳаллаи навро аз хатари обхезӣ ва шусташавии замин комилан наҷот медиҳад, аз сӯи дигар ҳамчун роҳи мошин ба сокинони он хизмат мекунад.
Тибқи лоиҳа барои бунёди ин маҳалла 200 гектар замин ҷудо шудааст. Ба наздикӣ дар ин мавзеъ сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурию фарҳангӣ ва таълимию варзишӣ шурӯъ мешавад.
АМИТ «Ховар»