Имзои ёддоштҳои табодулӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон

Дирӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маросими мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба лоиҳаҳои «Беҳдошти инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи II)» ва «Беҳтаргардонии ҳолати кории зеристгоҳҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор гардидааст.
Дар ин хусус дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ба имзо расиданд.
Ҳамчунин дар маросими мазкур аз ҷониби Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Роҳбари Намояндагии Фонди нуфуси аҳолии СММ лоиҳаи «Тақвиятбахшии хизматрасониҳо оид ба танзими оила барои солҳои 2017-2020» имзо шуд.

Tags: