Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ мешавад

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй гуфтааст, Лондон ва Иттиҳоди Аврупо омодаанд, ки гуфтугӯро дар бораи хориҷшавии кишвараш аз иттиҳод оғоз кунанд. Ӯ дар нишасти хабарие зикр кардааст, "вақти рафтан аз Иттиҳоди Аврупо фаро расид".

Ба гуфтаи вай, ҳамкорони аврупоияш дақиқ фаҳмондаанд, ки барои оғози гуфтушунид омодаанд. Раванди ихроҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо охирҳои моҳи март расман оғоз мешавад.

Моҳи июни соли 2016 сокинони Бритониё хориҷ шудан аз ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ҷонибдорӣ карданд. Палатаи поёнии порлумони Бритониё низ миёнаҳои моҳи феврал лоиҳаи қонунеро тасвиб кард, ки барои оғози гуфтугӯ дар ин замина иҷозат медиҳад.

Лоиҳаи мазкурро палатаи болоии порлумони ин кишвар ҳам бо андак тағйирот қабул кард. Интизор меравад, шакли ниҳоии он то охирҳои моҳи март ба тасвиб бирасад.

Tags: