Аз 8 то 12 марти соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зери роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Ризо Назарзода ва ширкатҳои сайёҳии «Ассотсиатсияи Сайёҳии Эко-Фарҳангии Помир», «Боми Ҷаҳон Тур», «Ором саёҳат», «Кўҳандиз», «Саёҳатҳои кўҳии Помир, «Диана ва Т», «Помир Сафарӣ», «Скай Тур», «Морхур», «Тоҷикистон Тревел», «Тоҷик Тур», «Ҷавоҳир», «Ориент Адвентур», «Зарафшон Маҷестик Трэйвел», «Виркан-сайр», «Сари Хосор Тревел» ва «Маҷмааи кўҳию лижаронии Сафед-Дара» дар Намоишгоҳи ITB Берлин иштирок менамоянд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, ҳадафи асосии иштирок дар намоишгоҳи мазкур- ин муаррифӣ намудани захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
«Соли 10-ум аст, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии ҷаҳон ITB-Берлин иштирок намуда, ба ҷаҳониён имкониятҳои туристии мамлакатро муаррифӣ менамояд. Сол то сол тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии туристӣ устувор гашта истодааст ва ин барои афзоиши дӯстдорони сайру саёҳат аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад»,- зикр намуд манбаъ.
Манба: АМИТ"ХОВАР"