Дар Душанбе ҳолати рушди соҳибкории сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19-ро баррасӣ намуданд

Мавзӯи «Ҳолати рушди соҳибкории сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони буҳрони COVID-19» имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисон ва коршиносони соҳа баррасӣ гардид. Ҳамоиши  мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода дар оғози ҳамоиш иброз дошт, ки хусусиятҳои сайёҳӣ ин соҳаро ба яке аз соҳаҳои беҳтарин барои оғози фаъолияти нави соҳибкорӣ табдил дода, ҳар нафари ташаббускор метавонад фаъолияти соҳибкории худро дар соҳаи сайёҳӣ оғоз намуда, дар маҳалҳо ҷойҳои корӣ таъсис диҳад, ки аксаран воситаи ягонаи бартараф намудани тарки ҷои муқимии зист аз тарафи ҷавонон бо мақсади ҷустуҷўи кор дар хориҷи мамлакат ба ҳисоб меравад.

«Дар аксарияти мамлакатҳо шумораи сайёҳони дохилӣ аз сайёҳони хориҷӣ зиёд аст. Ин барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ шароити муосид фароҳам оварда, ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба мамлакати худ, эътирофи он ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ мегардад», — илова намуд ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки хуруҷи вируси сироятии COVID-19 дар айни замон соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои аз ҳама осебпазир гардонидааст. Ниҳоди байналмилалии соҳавӣ — Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дурнамои рушди соҳаро дар робита ба воридоти туризми байналмилалӣ дар соли 2020 таҷдиди назар карда, аз мо масъулияти баланди пешгирии роҳҳои паҳншавии он тавассути ҳамкории дастаҷамъонаро дар ин самт тақозо менамояд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози паҳншавии ин вирус бо мақсади ҳифзи сиҳатии ҷомеа ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат муроҷиат намуд, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи давлат ва аз хориҷ ба ҷумҳурӣ муваққатан худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин дар ин самт бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ оид ба пешгирии вируси сироятӣ ва роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо дар ҳолатҳои буҳронӣ, рушди сайёҳии дохилӣ ва таҳияи нақшаҳои зиддибуҳронӣ бо ҷалби коршиносон ҷаласаҳои корӣ баргузор карда шуд.

Тибқи барномаи ҳамоиш намояндаи намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назир Зоиров дар мавзӯи “Вазъи имрӯза: таъсир ва роҳҳои пешгирӣ тавассути имтиёзҳои андозӣ”, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хуршед Ҷумабоев дар мавзӯи “Нақши имтиёзҳои андозӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ” маърӯза намуданд.

АМИТ «Ховар»