Бо гранти JICA 90 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ харидорӣ мегардад

Ҳукумати Япония  тасмим дорад, ки дар доираи татбиқи як тарҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон 90 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии дорои таҷҳизоти лозима харидорӣ намояд. Дар ин росто,  дар Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии Япония  оид ба  ҳамкории байналмилалӣ (JICA) созишномаи грантӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ»  ба имзо расид. Дар ин  хусус Раёсати котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сарчашма хабар медиҳад, ки санади мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, ки арзиши умумии лоиҳа аз ҳисоби гранти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ 771 миллион йени японӣ,  муодил ба  7,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: