Имрӯз дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо занону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад ва дар шахси онҳо тамоми модарону бонувони мамлакатро бо Рӯзи модар ва оғози эҳёи табиат табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон номиданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Сабаби дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модарро Президенти мамлакат нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон арзёбӣ карданд. Ба андешаи Сарвари давлат, нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модари тоҷикро ба хазинаи бебаҳое баробар карданд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозад. Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.
Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Аз ҷумла, дар доираи иқдомҳои созанда Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд ва дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба кор ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасб ҷалб карда шаванд. Ин тадбир ҳамчунин дар доираи сиёсати гендерӣ амалӣ карда хоҳад шуд.
Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст.
Таъкид гардид, ки нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ низ назаррас мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила маънидод карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтаронро шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ арзёбӣ карданд ва волидонро ба тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандон ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши модаронро дар солиму бофарҳанг ба воя расидани фарзандон рисолати бузурги инсонӣ номиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири гиромидошти модар ва расидан ба шабзиндадориҳои ӯ мо фарзандон бояд ҳамеша эҳтироми модаронро ба ҷо орем.
Аз ин рӯ Пешвои миллат ҳозирин ва кулли ҳамватанонро даъват намуданд, ки модарони худро дӯст доред, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошед, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон надиҳед ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоред. Зеро қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст.
Дар охир изҳори умедворӣ карда шуд, ки занону модарон минбаъд низ ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳанд.