Маҳфили «Ҷавонони асри ХХI» бахшида ба Соли ҷавонон

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Соли ҷавонон машғулияти навбатии маҳфили «Ҷавонони асри ХХI» дар мавзӯи «Хатарҳои ҷаҳони муосир аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Дар маҳфил намояндагони ҷавонони Маркази ташхису табобатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва беш аз 100 нафар донишҷӯён ва аъзои вобастаи Шуъбаи кор бо ҷавонон иштирок намуданд.
Иштирокдорон оид ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ва амалҳои номатлуб, ки хатари муҳими таҳдидкунанда ба ҳаёти ҷавонон доранд, сухан гуфта, нуктаҳои муҳими онро шарҳу тавзеҳ доданд.

Манба: АМИТ"ХОВАР"