Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар: Чаро то ҳол дар самти истифодаи неруи барқ масъулият ҳис накардаем?

Мусаллам аст, ки аз оғози сардиҳои фасли зимистон то ба фаро расидани рӯзҳои гарми баҳорӣ талабот ба неруи барқ зиёд мегардад.  Ҳукумати мамлакат ва  ШСКХ «Барқи тоҷик» аз мардум хоҳиш намудаанд, ки барқро самараноку оқилона истифода баранд, то дар самти ба мардум расонидани он мушкилот пеш наоянд.

Бино ба иттилои ШСКХ «Барқи тоҷик», бо  сабаби   сардиҳои шадиди оғози фасли  зимистон ва тӯлонӣ  пешбинӣ шудани  сардиҳои имсола  хавфи нарасидани  захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш  омадааст. Ҳоло  сатҳи обанбори  мазкур  дар  муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта  чор  метр паст аст.  “Барқи тоҷик” 5 январи имсол бо муроҷиатномае аз ҳама муштариёни барқ хоҳиш намуд, ки неруи барқро сарфакорона ва оқилона истифода баранд. Ҳамчунин дар муроҷиатнома зирк гардида буд, ки  чанд муддат дар   мамлакат —  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Маҳдудият  аз  5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад.

Чаро мо нисбат ба самаранок истифода бурдани неруи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунем? Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати оқилона истифода бурдани неруи барқ аз ҷониби ниҳодҳои марбута то кадом андоза дуруст ба роҳ монда шудаанд?

Ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъ дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» имрӯз, 13 январ, соати 09:30 (асл),  17:30 ва 21:30 (такроран)  аз Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави НАВРӮЗ мавриди баррасиву таҳлили ниҳодҳои дахлдор ва коршиносони соҳа қарор мегирад.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

АМИТ «Ховар»

Tags: