Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ нахуст дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд ва аз он 4 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон истифода хоҳанд бурд.

Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насосҳои пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, насб карда шуданд, ки тариқи он об ба ду ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки сокинони 3 деҳаи ноҳияи дурдасти мамлакат аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд.

Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашт бартараф карда шуда, акнун сокинон аз оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардиданд ва барои сари вақту дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.

Мавриди ёдоварист, ки давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба 8 деҳаи дурдасти ноҳияи Балҷувон хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуда аз рӯи нақша корҳои лоиҳакашии таъмини хати оби нӯшокӣ дар чанд деҳаи дигар идома доранд.

Татбиқи «Даҳсолаи нави байналмилалии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028 ва дигар ташаббусҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ меёбад.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: