Ба иттилои СММ дар чанд минтақаи Судони Ҷанубӣ сокинон аз гуруснагӣ азият мекашанд.
Роҳбарони се ташкилоти СММ, аз ҷумла ташкилоти озуқаворӣ ва созмони Салиби Сурх изҳор доштанд, ки садҳо ҳазор сокинони минтақаҳои қисми шимолии Судони Ҷанубӣ аз норасоии маводи ғизоӣ азият мекашанд.
Ба гуфтаи онҳо то моҳи апрели соли равон теъдоди сокиноне, ки ба гуруснагӣ рў ба рў шуданд, эҳтимол ба зиёда аз 4 миллион нафар расад. Аз рўи маълумоти коршиносони СММ сокинони минта қаҳои қисми шимолии Судони Ҷанубӣ аз соли 2013 то кунун аз гирифтори норасоии ғизо ҳастанд.
Дар қаламрави кишвар аз сабаби ноамн будани вазъият кормандони ташкилотҳои гуманитарӣ дар интиқол додани кўмакҳои башардўстона ба мушкилӣ рў ба рў мебошанд.
Дар Судони Ҷанубӣ давоми солҳои охир бар асари нооромиҳои дохилӣ даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 3 миллион каси дигар гуреза шудаанд.