«Истиқлол» бо «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Кӯктош» дар бозиҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ бо ҳам қувва меозмоянд

ДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозиҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ бо ҳам қувва меозмоянд. Ин қарор дирӯз баъди ба анҷом расидани вохӯриҳо дар гурӯҳи «Б» муайян шуд.
Ба ҳавои номусоид нигоҳ накарда, дирӯз ду бозии охирин дар гурӯҳи «Б» бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» бо «Регар-ТадАз ва «Ҳулбук» бо «Ашт» дар Варзишгоҳи марказӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа «Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» бо натиҷаи 4:2 ва «Ҳулбук» бар «Ашт» бо ҳисоби 8:4 дастболо шуданд.
Ба ҳамин тартиб чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол» бо 9 холи имконпазир дар гурӯҳ соҳиби ҷои аввал гардид.

Ҷадвали ҷамъбасти гурӯҳи «Б» чунин шакл гирифт:

  БҒМБТ/тИ

1«Истиқлол» (Душанбе)330029-39
2«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)320113-66
3«Ҳулбук» (Восеъ)31028-203
4«Ашт» (Ашт)30037-280

Манба: АМИТ"ХОВАР"