Фаронса “бесарнишин”-ҳоро бо уқобҳо дастгир мекунад

Давоми 6 моҳ мешавад, ки низомиёни Фаронса дар қисми ҷанубии кишвар барои мубориза бо таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишин, ки барои банаворгирии иншооти стратегӣ хатар дорад, уқобҳоро омўзиши махсус медиҳанд.
Барои доштан ва ба замин овардани таҷҳизоти бесарнишини парвозкунанда, уқобҳо ба фазо сар дода мешаванд. Ин усул дар Фаронса алакай натиҷаҳои дилхоҳро додааст. Гуфта мешавад, неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса дар дохили чунин таҷҳизот гӯшт мегузоранд ва аз хурдӣ уқобҳоро барои доштани он омўзиш медиҳанд.
Ин навъи уқобҳо барои он интихоб шудаанд, ки болҳои дароз доранд ва аз сайд кардан ҳарос надоранд ва дар масофаи то ду километр метавонанд сайдро шикор кунанд. Дар нест кардани таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишин чунин уқобҳо нақши калидӣ мебозанд. Ҳукуматдорони Фаронса баъди он ки дар чанд иншооти муҳими давлатӣ чунин таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишини наворбардориро мушоҳида карданд, қонунеро қабул карданд, ки дар шаҳр истифодаи таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишинро маҳдуд мекунад. Истифодаи уқобҳо барои доштани чунин ашё дар фазо ҳам аз чораҳои зарурии ҳукуматдорон дар Фаронса маҳсуб мешавад.
Дар Нидерланд ҳам ширкатҳои хусусие мавҷуданд, ки чунин уқобҳоро омўзиш медиҳанд.

Tags: