Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустам раиси Суди вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
Ҳамчунин раисони суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Қубодиён ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва раисони суди ҳарбии гарнизонҳои Хатлон ва Душанбе таъйин шуданд. Ҳамчунин қариб 60 нафар коромӯз-судяҳо бори аввал дар мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фаъолият оғоз мекунанд.
Аксарияти кадрҳои ба вазифаҳои судяи шаҳру ноҳияҳо таъйингардида мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва соҳибтаҷриба буда, аз ҳисоби коромӯз-судяҳое мебошанд, ки баъди гузаштан аз озмун муддати як сол дар Маркази таълимии судяҳо таҳсил кардаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ба зинаҳои роҳбарии судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйингардида, ки аксарияташон ҷавонони корозмуда мебошанд, хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии давлат, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати судӣ ва муҳимтар аз ҳама, волоияти қонунгузории мамлакатро талаб намуданд.