Варзишгарони тоҷик ба Австрия мераванд

Як гуруҳи 12 нафараи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ, ки аз 14 то 26 марти соли равон дар шаҳри Гратси Австрия баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард.
Дар ин хусус дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сарчашма мегӯяд, бо мақсади иштироки дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ва нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2017 ва дар асоси фармоиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳайати дастаи Тоҷикистон иборат аз 12 нафар дар Бозиҳои зимистонаи олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ ширкат меварзад.
Гуфта мешавад роҳбарии даста ба зиммаи Дилбар Шарипова, раиси Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон гузошта шудааст.

Tags: