Тақрибан 150 истеҳсолкунандагони Беларус бо маҳсулоти худ ба Душанбе омаданд

Тақрибан 150 ширкат ва ташкилотҳои Беларус маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи миллии Беларус дар шаҳри Душанбе пешниҳод хоҳанд кард. Намоишгоҳе, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мегардад, 15 май дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.

«Намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус дар хориҷи кишвар дар панҷ соли охир хоҳад буд», — иттилоъ  медиҳад Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноат, дар намоишгоҳи мазкур ширкат ва ташкилотҳое иштирок мекунанд, ки бахшҳои асосии иқтисодии Беларусро, ба монанди саноати мошинсозӣ ва нақлиёт, химия ва нафту химия, сохтмон ва коркарди чӯб, кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ, илму техника, маориф ва китобҳои чопӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд.

«Маросими тантанавии кушодашавии ин намоишгоҳ 15 май баргузор гардид, ки он аллакай 16 ва 17 май барои ҳамагон дастрас мешавад», —  зикр намуд манбаъ.

Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти «заводи тракторҳои Минск», «Белаз», «Гомселмаш», «Лидселмаш», «Бобруйскагромаш», «Амкодор»,  «Минтақаи автомобилгарди Минск», «Белкоммунмаш»  ва дигар корхонаҳои Вазорати саноати Беларус ба маъраз гузошта мешаванд.

Ҳамчунин дар он маҳсулоти ширкатҳои бузургтарини саноати нафтии Беларус — корхонаҳои тобеи консерни «Бенефтехим» пешниҳод карда мешаванд.

Дар доираи намоишгоҳ инчунин экспозитсияи маҳсулоти  истеҳсолкунандагони озуқаворӣ, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ташкил мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.

Дар экспозитсияи хӯрокворӣ ҳамаи вилоятҳои Беларус — 56 ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ ва нону булка, инчунин ширкатхои истеҳсолкунандаи нушокиҳои спиртӣ маҳсолоти худро пешкаш менамоянд.

Илова бар ин, ширкатҳои Беларус маводи сохтмонӣ, маҳсулоти саноати коркарди чӯб ва коғаз, доруворӣ ва дигар таҷҳизоти тиббиро пешниҳод мекунанд.

Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши мол миёни Тоҷикистону Беларус дар соли 2017 тақрибан 40 млн. доллари америкоиро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди соли 2016 тақрибан 90 дарсад зиёд мебошад. Дар сохтори гардиши мол байни ду кишвар тақрибан 37 миллион доллари ИМА ба воридоти маҳсулоти Беларус ба Тоҷикистон рост меояд.

АМИТ "Ховар"

Tags: