Хадамот: Беш аз 800 нафар хоруғӣ дар ҷойҳои хатарнок маскан доранд

Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мегӯяд, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 185 хоҷагӣ бо теъдоди 864 нафар аҳолӣ дар ҷойҳои хавфнок иқомат доранд.
Хадамот сабаби хавфнок будани ҷойи зисти ин теъдоди одамонро дар боришоти зиёди барф дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд шудани сатҳи хатари тармафуроӣ, ки 24 декабри соли 2016 дар ҳудуди ВМКБ ҳолати фавқулода эълон шуда буд, арзёбӣ кардааст. Гуфта мешавад, бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ ҳамчун аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хоруғ, намояндагии Саридораи геология дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар аъзои комиссия рӯзҳои 6,7 ва 8 феврали соли равон рўйхати хоҷагиҳоеро, ки дар ҷойҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, яъне ҷойҳое, ки дорои хатари тармафароиянд, тартиб додаанд.
“Дар ҷойҳои хавфнок инчунин 17 нафар донишҷўе, ки аз дигар минтақаҳо дар ин ҷо иҷоранишинанд, истиқомат доштанд. Ба ҳамаи онҳо тавсия дода шуд, ки ба ҷойҳои нисбатан бехавф кўчанд” –афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин аз тарафи масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи вилоятӣ дар байни шаҳрвандони дар ҷойҳои хавфнок истиқоматдошта корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, тавсия дода шудааст, ки нафарони ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хоҳиши кўчидан дошта метавонанд дар бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хоруғ худро номнавис кунанд.

Tags: