Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар як мошинро бо мусофиронаш аз муҳосираи барф баровардаанд.
Дафтари матбуотии кумитаи мазкур мегӯяд, дар натиҷаи яхбандӣ ва ҷамъшавии ғарами барф 14 феврал соати 22:30 дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мошини тамғаи «Опел-Зефира» бо ронанда ва 4 мусофир, ки дар байни онҳо як зан бо кӯдаки хурдсол буд, ба ғарами барф гирифтор гаштааст: “Мошин ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард. Сарфи назар аз огоҳии Кумита оид ба хавфи пайдоиши яхбандӣ,ҷамъшавии ғарами барфҳо, инчунин лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ, чархҳои мошин ба зимистона иваз нашуда, нақлиёт бо завлонаи бехатарӣ муҷаҳҳаз нагардида буд. Барои кумак ба зарардидагон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд, ки бо саъю кӯшишҳои онҳо нақлиёт аз ғарами барф бароварда шуда, он ҳаракати худро ба самти Хуҷанд идома дод”.
Сарчашма меафзояд, ки дар робита ба баландшавии ҳарорати ҳаво дар рўзҳои охир ва боришот дар минтақаҳои кўҳӣ якбора зиёд шудани хавфи лағзиши тармаи тар дар назар аст. Бояд зикр кард, ки фишори тармаи тар дар 1 метри мураббаъ 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Зимнан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш менамояд, ки ба қадри имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ намоянд.