Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва як зумра шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштаанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Доир ба ҳодисаҳои табиии рӯзҳои охир ва тадбирҳои таъҷилии сохторҳои масъули давлатӣ дар амали бартарафсозии оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар Сарвазири мамлакат, муовини якуми Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Қоҳир Расулзода гузориш дод.
Тавре таъкид гардид, бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва фаромадани тарма дар минтақаҳои баландкӯҳ, вазъ дар ин минтақаҳо ва шоҳроҳҳои асосии мамлакат мураккаб шуда, ин ҳолат боиси хисороти зиёди иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ гардид.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар чунин рӯзҳои сахт вазъияти ба амаломада пайваста таҳти назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми имконоту иқтидорҳои мавҷудаи кишвар барои рафъи оқибатҳои боришоти зиёди барфу борон, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар ҳодисаҳои геологию гидрологӣ сафарбар карда шуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин доир ба вазъи кунунии минтақаҳои зарардида ва тадбирҳои аввалиндараҷа дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир ҳисоботи роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Ширкати «Иновайтив Роуд Салюшенс, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд шунида шуданд.
Зикр гардид, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақаҳои хатарнок, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани иншооти роҳу нақлиёт, дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ ва пешгирӣ аз ҳама омилҳои ба иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат зиёновар тадбирҳои таъҷилӣ амалӣ гардида, кори ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида шуданд.
Дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аъзои Комиссияи давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуданд.
Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои мошингарди мамлакат, тоза кардани иншооти роҳу нақлиёт аз барфу тарма, таҳияи нақшаи нави сохтмони иншооти ҳимоявӣ дар шоҳроҳҳое, ки аз мавзеъҳои баландкӯҳ мегузаранд, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳама минтақаҳои хавфнок ва расонидани ёрию дастгирии ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида, хусусан оилаҳое, ки дар натиҷаи ин ҳодисаҳои табиӣ наздиконашонро аз даст додаанд, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои вусъат бахшидани корҳои наҷотдиҳӣ ва беҳдошти ҳолати омодабоши наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамал дар вилояту минтақаҳо, таҳияи нақшаи чорабиниҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ташкили ҷадвали навбатдории шабонарӯзӣ дар минтақаҳои хавфнок ва омӯзишу таҳлили вазъи пиряхҳо, кӯлҳо ва захираҳои барф дар қаламрави мамлакат то давраи гарм шудани ҳарорати ҳаво дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вобаста ба ҳалли масъалаҳои кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои хавфнок, ҷалби шарикону ҳамкорони байналмилалӣ ба раванди бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва пешгирӣ аз амалҳои ғайримақсаднок ҳангоми тақсимоти захираҳои давлатӣ ва кумакҳои башардӯстона ба аҳолии зарардида вазифадор гардиданд.
Аз масъулини соҳаҳои дахлдор ҳамзамон омодагии ҳамаҷониба ба мавсими гармо, ки эҳтимолияти ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табииро бештар мегардонад, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои нисбатан хавфнок бо ҷалби иқтидору имконоти мавҷуда ва нерую тавони аҳолии маҳаллӣ бо роҳи гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ, ба миқдори зарурӣ нигоҳдорӣ ва захира намудани техникаҳои корӣ, сӯзишворию маводи ғизоӣ ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию ҳамарӯза огоҳ кардани аҳолӣ аз вазъи боду ҳаво ва эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода тавассути воситаҳои ахбори омма талаб карда шуд.