Панҷ созмони ҳунармандии Тоҷикистон- Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон мавсум ба «Армуғон» ва ширкатҳои «Помир Ҷевелз», «СОХСА/Озара» ва «Рухом» дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ «Ambiente», ки аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, кишвари моро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамасола дар намоишгоҳи «Ambiente» 4700 ширкат аз 90 кишвар ва тақрибан 145 000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он чандин намоишҳо гузаронида мешаванд, ки дар онҳо раванди тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконоти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меоянд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.
Габриэла Бирде, мушовири байналмилалии Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ мегӯяд: «Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ омехтаи тарроҳии қадима бо мӯди ҳозиразамон, зардӯзиҳо бо нақшҳои миллӣ, кифҳо ва аксессуарҳо аз пӯст, маҳсулоти заргарии бо сангҳои нимақиматбаҳо ороёфта, шонаҳои чӯбин, маҳсулоти дастбофт аз пашм ва маҳсулоти дигари дастиро ба намоиш мегузорад».
Нигина Икромова, мудири иҷроияи Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бар он назар аст, ки «ин намоишгоҳ барои дарёфти ҳамкорҳо ва бозорҳои нав, бозёфти мӯду ҷараёнҳои нав дар олами ҳунарҳои дастӣ, намоиши зебоии нодири шарқии маҳсулоти тоҷикӣ ба муштариён мусоидат менамояд. Ман мутмаинам, ки бо зебоии маҳсулотамон меҳмонони ин намоишгоҳро ба ҳайрат хоҳем гузошт».
Мавриди зикр аст, ки МТБ соли сеюм аст, ки иштироки ҳайъати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи маъруфи ҷаҳонӣ таъмин менамояд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
АМИТ «Ховар»