Дастаи наврасони Истаравшан дар мусобиқаи байналмилалии Ӯзбекистон оид ба футбол соҳиби медалҳои тилло шуд

Дастаи футболи Ташкилоти давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ байни кӯдакони солҳои таваллуди 2009-2010 гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи Ташкилоти давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан хотима ёфт. Мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасони солҳои таваллуди 2009-2010, ки дар  Бекобод баргузор гардид, ба Рӯзи металлургҳо бахшида шуда буд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони навраси шаҳри Истаравшан ҳамсолони худ аз Самарқандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар бозии дуюм онҳо бо ҳамин ҳисоб «Насаф» -ро шикаст доданд. Дар бозии нимниҳоӣ дастаи Истаравшан бар дастаи АГМК-1-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Вохӯрии ниҳоӣ бо мизбонони мусобиқа- дастаи «Металлург» -и Бекобод бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои 11-метра футболбозони навраси тоҷик мизбононро бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуда, барандаи ҷоизаи асосии мусобиқаи мазкур шуданд.

Ин дуюмин мусобиқаи байналмилалиест, ки дастаи наврасони шаҳри Истаравшан дар он соҳиби медалҳои тилло мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: