Варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД дар мусобиқаи самбои муҳорибавӣ миёни 10 даста ғолибиятро ба даст овардаанд.
Тавре аз Шӯрои мазкур иттилоъ доданд, мусобиқа дар бинои Сирки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он зиёда аз 200 нафар варзишгарони наврас ширкат варзидаанд.
Гуфта мешавад дар мусобиқа варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии мураббӣ Фазлиддин Шоев иштироки фаъолона намуда, се ҷойи аввалро ба даст овардаанд.
Дар байни варзишгарони касбӣ пас аз ҳунарнамоии хуб аз рӯи вазни 51 кило варзишгари «Динамо» Шукрулло Файзуллоев ҷойи аввал, дар вазни 57 кило Ҳомид Одинаев ва дар вазни 68 кило Эраҷ Абдураҳмонов ҷойҳои дуюми мусобиқаро ишғол намудаанд.