Аз 17 то 21 сентябр дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон Фестивал–озмуни байналмилалии ҳунармандони навъи достонсароӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба ҳифзи мероси фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар Фестивал–озмуни байналмилалӣ намояндагони зиёда аз 20 кишвари олам ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷониби Вазорати маданияти Узбекистон аз ҷумҳурии мо ба фестивал достонсарои маъруф Муқим Камолов аз ноҳияи Рашт даъват гардидааст, ки ба ҳакамону меҳмонони фестивал намунаҳои қадими достонҳои гуруғлиро пешниҳод мекунад. Ин ҳунарманди тоҷик намояндаи мактаби достонсароии устоди зиндаёд Ҳикмат Ризо маҳсуб шуда, умед аст, ки дар озмуни мазкур услуби хоси тоҷикии ҳамосаро бо ҳунари баланд намоиш диҳад.
Ба ҳайати ҳакамони байналмилалӣ намояндаи Тоҷикистон – доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ низ шомил аст.
АМИТ «Ховар»