Имрӯз, 6 феврали соли 2017 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини вазорат ҷаласа баргузор гардидааст, ки ҷашнгирии идҳо аз мавзуҳои баррасӣ шаванда будааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии вазорат дар ҷаласа рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили чорабиниҳои дар пеш истода, хусусан ҷашнгирии Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмиллалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг вазифадор гардиданд, ки барои дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтани иду чашнвораҳо ва дар доираи 120 рӯзи ободонӣ мунтазам шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор намоянд”, -афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, инчунин масъалаҳои зимистонгузаронӣ, танзими қабули донишҷӯён ба макотиби олии соҳа, бо кор таъмин кардани хатмкунандагон, санҷиши фаъолияти муассисаҳо, ташкили марказҳои матбуотӣ ва сомонаҳо дар муассисаҳо масъалаҳои дигаре буда, ки дар рафти ҷаласа муҳокима гардиданд.