Ифтитоҳи хати обгузари Боғевдара - Хоруғ

Имрӯз ҳамчунин  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти хати обгузари Боғевдара - Хоруғ расман ифтитоҳ бахшид.
Бояд тазаккур дод, ки  санги асос барои сохтмони хати мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2014 гузошта шуда буд.  Дар ин давра хати обгузар аз Боғевдара то шаҳри Хоруғ ба масоҳати 13 километру 250 метр сохта шуда, мушкилоти  сокинони  шаҳри Хоруғ дар самти таъминот бо оби ошомиданӣ ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуд.
Иқтидори якрӯзаи интиқоли оби ошомидании хати мазкур 15 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад, ҳол он ки талаботи сокинони шаҳри Хоруғ ба оби ошомиданӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ 7,5 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Яъне хати мазкур бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр бунёд шуда, даҳсолаҳои дигар метавонад ба сокинони маркази вилоят хизмат расонад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бунёд" ва "Помир" ба анҷом расонида шуда, дар доираи ин тарҳ ҳамчунин ҳавзи нигоҳдории об, таҷҳизоти махсус барои безараргардонии оби ошомиданӣ низ бунёду насб карда шуданд.
Арзиши лоиҳавии тарҳи мазкур 18 миллиону 737 ҳазор сомонӣ буда, 60 фоизи он маблағҳои грантии Бонки Аврупии таҷдид ва рушд ва 40 фоизашро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дар гузашта танҳо 50 фоизи сокинони шаҳри Хоруғ аз ҳисоби чашмаҳои худҷорӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардиданду халос.
Ҳаминак ба фаъолият оғоз намудани хати мазкур, ин мушкилии сокинон бартараф гардид. Ба иттилои масъулон, давоми соли ҷорӣ ҳамчунин корҳои таъмириву насби қубурҳои нави обгузар дар дохили шаҳр боз ба маблағи 64 миллион сомонии дигар ҷараён хоҳад гирифт.

Tags: