Ифтитоҳи бинои Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ оғози расмӣ бахшид.

Иншооти мазкур дар давоми як сол бо харҷи 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, дар ин ҷо шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ сеошёна буда, аз маркази иттилоотӣ ва кӯмак ба сайёҳон, мағозаҳои фурӯши тӯҳфаҳо, таҷҳизоти хизматрасонии иҷораи кӯҳнавардӣ, ҳуҷраи хушкашӯӣ, утоқҳои корӣ, толори баргузории маҷлис ва маркази соҳибкорӣ иборат  мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳам омада ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маркази мазкур метавонад дар як сол ба зиёда аз 5 ҳазор нафар сайёҳ хизмат расонад.

Гуфта шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ беш аз 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, боиси бо кори фоидаовар таъмин шудани садҳо нафар занону духтарони хонашин гаштааст.

Гуфта шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ занону духтарони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои вилоят метавонанд маҳсули дасти худро барои фурӯш ба мағозаҳои маркази мазкур пешниҳод намоянд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми марказ низ утоқҳои корӣ бо пешрафтатарин технология муҷҷаҳаз карда шуда, дар маҷмӯъ барои фаъолияти пурсамари мутахассисон ҳам дар бахши сайёҳӣ ва ҳам дар самти соҳибкорӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.

Tags: