Шӯрои навбатии занони сулҳовари назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи он таҳкими сулҳу субот, корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстию ҳувияти миллӣ мебошад, дар Душанбе баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аъзои Шӯро нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017-ро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳод намуданд, ки чунин Шӯро дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ таъсис дода шавад.
Ба истиқболи Рӯзи Модар аз ҷониби Шӯро баргузор намудани озмунҳои «Келину хушдомани беҳтарин» ва маҳаллаи «Гулфишон» ба нақша гирифта шудаанд. Доир намудани чунин озмунҳо ба мустаҳкамии пояҳои оила ва муносибатҳои оилавӣ, ободу зебо гаштани маҳаллаҳо ва симои шаҳр мусоидат менамояд.
Инчунин доир намудани ҳамоиши модарон дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба хотири бунёд намудани муҷассамаи «Модар» дар пойтахти мамлакат, баргузории Форуми занони Тоҷикистон, ташкили вохӯриҳои маърифатӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ номгӯи чорабиниҳои Шӯро мебошанд.
Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занони сулҳовар аз 38 банд иборат буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Дар ҳайати Шӯрои занони сулҳовар собиқадорони меҳнати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошанд, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳми босазо доранд.
АМИТ «Ховар»