Дирӯз дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Раёсати фарҳанг, мудирони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, директорони китобхонаҳо, театрҳо ва клубу қасрҳои фарҳанг ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 ва нақшаи барномаҳо дар соли 2017 баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли равон аз ҷониби раёсати фарҳанги вилоят бахшида ба Соли ҷавонон як зумра озмунҳои вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегарданд. Аз ҷумла, бо мақсади рушду инкишофи санъат ва дарёфти истеъдодҳои нав дар байни ҷавонону наврасон, ҳамчунин бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ, рушду инкишофи санъати рақси миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмунҳои вилоятӣ миёни ансамблҳои рақсии кӯдакона ва шашмақомхонони наврасу ҷавон баргузор мегарданд. Озмунҳо дар ду давр гузаронида шуда, дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мешаванд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанг таъкид гардид, ки бояд корҳои омодагӣ барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ вусъат дода шаванд.