Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» баргузор мегардад.
Фестивал-озмун бо мақсади арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, эҳё ва тарғибу ташвиқи суннатҳои қадимаи ниёгон, ривоҷу равнақи санъати миллӣ ва анъанаҳои асили мақомсароиву мақомнавозӣ, пайдо ва дастгирӣ кардани чеҳраҳои нав ва иҷрокунандагони ҷавон гузаронида мешавад.
Фестивал-озмун дар ду давр гузаронида шуда, баргузории даври аввали озмун дар шаҳр, ноҳия ва вилоятҳо то 22 феврали соли равон дар назар аст. Даври ҷамъбастии Фестивал-озмун 6 — 7 марти соли равон бо иштироки ғолибон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.
Қабули дархостҳо барои иштирок дар Фестивал-озмун то 15 феврали соли 2017 пешбинӣ шудааст. Дар Фестивал-озмун хоҳишмандони санъати навозандагӣ ва сарояндагии мақом, ки синнашон то 27 аст, метавонанд иштирок намоянд.
Фестивал-озмун дар ду бахш- яккасароӣ ва якканавозӣ (бо сози миллӣ) баргузор гардида, ғолибону иштирокчиён бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида мешаванд.
АМИТ Ховар