Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парки худро бо чархболи нави истеҳсоли Россия- Ми-8АМТ тавсеа дод. Чархбол дар корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдингии «Вертолёты России» (Чархболҳои Россия) истеҳсол шудааст. Mи-8AMT бо эътимоднокӣ ва гуногунҷанбаӣ фарқ мекунад. Нахустин парвози санҷишии чархболи нави Ми-8АМТ дар Тоҷикистон аз ҷониби озмоишгарони корхонаи истеҳсолкунанда дар арафаи 96-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бадахшон-Душанбе анҷом дода шуд. Дар ҷараёни он имкониятҳои техникии чархбол дар шароити душвори кӯҳистон, парвоз ва фуруд дар нуқтаҳои таъйинотӣ озмуда шуданд.
Аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чархбол дар шароити гуногуни иқлимӣ, аз ҷумла намии баланд, ҳарорати паст, шамоли сахт ва туман худро хуб нишон додааст. Чархболи Mи-8AMT барои иҷрои вазифаҳои гуноногун — аз интиқоли мусофирону борҳои калонҳаҷм то амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ мутобиқ мебошад. Чархбол имкони интиқоли то 24 нафар мусофирро дошта, иқтидори борбардориаш то 4 тонна ва дурии парвозаш то 800 км мебошад.
Ми-8АТМ чархболи аввалини «Сомон Эйр» набуда, октябри соли 2019 ширкати ҳавопаймоӣ чархболи нави Airbus H125 ворид намуд. Чархболҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар мамлакат, таблиғи табиат, мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар доираи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд ва чархболи Ми-8АМТ на танҳо дастоварди ширкат, балки саҳми арзандае дар рушди соҳаи сайёҳӣ хоҳад буд.
АМИТ «Ховар»