Вазорати фарҳанг: Корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара  оид ба  натиҷаҳои фаъолияти вазорат  дар соли 2016  ва самтҳои минбаъдаи афзалиятноки рушди соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр дар соли 2017  баргузор гардид. Дар ин бора аз  Маркази матбуоти  Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.
Ҳайати мушовараи вазорат бобати таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат, фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ,  тағйироти иҷтимоию фарҳангӣ дар мамлакат, такмили фаъолият, беҳтар намудани сифату самараи фаъолияти муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ,  табъу нашр, рушди таҳқиқоти илмӣ,  таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар ҷаласа Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва рӯзҳои фарҳанг ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеъ дастуру супоришҳои қатъӣ дода,  оғози    корҳои омодагиро ба пешвози  ин санаҳои муҳими кишвар таъкид сохт.

АМИТ «Ховар»

Tags: