Дар осорхонаи вилоятии ба номи «Авасто»-и Хатлон дар мавзӯи «Истиқболи ҷавонон аз Паёми Пешвои миллат» ҷамъомад доир гардид. Дар он донишҷӯён ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва аъзои маҳфилҳои назди осорхона иштирок доштанд.
Иштирокчиёни ҷамъомад дастгирии худро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда, соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017- ро хеле хуш пазируфтанд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҷамъомад ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд.
АМИТ «Ховар»