Шумораи аввалини рӯзномаи «Салом оянда» ба нашр расид

Дар оғози Соли нави мелодӣ шумораи аввалини рӯзномаи «Салом оянда» рӯйи чоп омада, дастраси хонандагон гардид. Дар ин бора аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
«Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Салом оянда» тасмим дорад, ки ҳамкориро бо устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва берун аз он тақвият бахшида, барои пурмазмуну шавқовар гардидани саҳифаҳои рӯзнома аз тамоми имкониятҳо истифода барад»,-хабар доданд аз марказ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳи одобу ахлоқ ва ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ тарбия намудани онҳо ва бедор намудани шавқу завқи онҳо барои эҷодкорию навҷўӣ нашр мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: