Фестивал-озмуни «Парасту-2017» ба 100- солагии Тӯҳфа Фозилова бахшида мешавад

Пагоҳ, 18 апрел дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ифтитоҳ мегардад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100- солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда, он то 24 апрели соли равон идома меёбад.
Фестивал-озмун соати 10:00 оғоз ёфта, баъд аз маросими ифтитоҳӣ аввалин спектаклро ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ пешниҳоди иштирокчиён мекунанд. Мазҳака «Пизишки паррон» ном дошта, ба қалами Ж. Б. Молйер тааллуқ дорад ва онро Қурбони Собир таҳия намудааст.
Намоиши дуюми озмун соати 14:00 дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов баргузор мегардад. Аҳли театри мазкур спектакли манзуми «Ҷуз сухани ганҷ магӯ»-ро дар таҳияи С. Қосимова манзури ҳайати ҳакамон ва тамошобинон мегардонанд.
Ҳамчунин соати 18:00 дар саҳнаи театри номбурда ҳунарпешагони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоиши «Шикасти аввал. Қаромита»-ро ба намоиш мегузоранд. Муаллифи асар Ҷ. Қуддус ва коргардони таҳиягар С. Алимов мебошанд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир карда мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: