В. Путин ва Б. Асад созиши оташбас дар Сурияро баррасӣ намуданд

Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Сурия Башор Асад зимни суҳбати телефонӣ созиши оташбас дар Сурия ва гузариш ба раванди сиёсиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.
Зикр мешавад, ки роҳбари Сурия ба созиш баҳои баланд дода, баҳри риояи он изҳори омодагӣ кард.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гуфтушунидҳои Остона доир ба ҳалли мусолиматомези Сурия «қадами муҳиме дар роҳи ниҳоии ҳалли буҳрон хоҳад буд».
Ҳукумати расмии Сурия ва мухолифони ин кишвар дар бораи оташбас дар қаламрави кишвар аз 30 декабр созиш карданд. Кафили сулҳ Россия, Туркия ва Эрон мебошанд.
Созишномаро 7 гурӯҳ имзо карданд, ки шумораи умумии онҳо 60 ҳазор нафар мебошад. Гурӯҳҳое, ки ба сулҳ шомил нашуданд, ба гурӯҳхои террористӣ шомил мешаванд, қайд намуданд дар Вазорати мудофиа.
Интизор меравад, ки гуфтушунидҳои сулҳ доир ба Сурия бо иштироки Россия, Туркия ва Эрон дар Остона доир шаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: