Тоҷикистону Ӯзбекистон намоиши маҳсулотро ба роҳ мемонанд

Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи чорумин нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов бо мақсади дар оянда устувор гардонидани муносибатҳои иқтисодии дуҷониба миёни Вазорати муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ, сармоя ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати кишвар иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳумро ҷонишини Вазири муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ, сармоя ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавқат Туляганов ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ба имзо расониданд.
Тибқи Ёддошти тафоҳуми имзошуда, тарафҳо розигии хешро ҷиҳати гузаронидани намоишҳои маҳсулоти ҳарду кишвар баён намуданд. Намоиши маҳсулот моҳҳои марту апрели соли 2017 дар Душанбе ва моҳҳои август-сентябри соли 2017 дар Тошканд гузаронида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: