ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати нақши муассири миёнҷигариатон дар роҳи расидан ба созиши сулҳ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик мегӯям.
Мо талошҳои хастанопазир ва иродаи қавии Шуморо дар ҳалли ин масъалаи ҳассос баланд арзёбӣ мекунем. Мувофиқаҳои дар зимн ҳосилшуда, бешубҳа, барои таъмини сулҳи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дошта, заминаҳои устуворро барои иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода фароҳам меоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокироту муколама, аз ин дастоварди муҳимми дипломатӣ сидқан истиқбол менамояд.
Бо умеди рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни кишварҳоямон, ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Сарвазир, саломатии бардавом ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсту бародари Покистон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».

