Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро барои самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон вазифадор намуданд

 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 октябр зимни баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти пойтахтро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар мавсими сармо  тадбирҳои зарурӣ андешанд.  

Ҳамзамон Раиси шаҳр дастур доданд, ки дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии босифат, барқ ва энергияи гармиро таъмин намоянд.

Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати омода намудани низоми энергетикии пойтахт барои хунукиҳои аз меъёр зиёд, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳоро ҷоннок намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулонро муваззаф намуданд, ки баҳри фаровонии бозорҳои пойтахт ва бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонидани маҳсулот, ҷиҳати захира намудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корбарӣ бо ҳама сохторҳо ва хоҷагиҳои дигар шаҳру ноҳияҳоро тақвият бахшанд.

Tags: