БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Намояндагони расонаҳои хабарӣ бо корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд» дар мавзеи Кончоч шинос гардиданд

«Ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳашт моҳи соли равон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи /ҶСП/ «ТАЛКО Голд» ба маблағи беш аз 242,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва зиёда аз 52,7 миллион сомонӣ ба буҷети давлат андоз пардохт намуд»- чунин иттилоъ дода шуд ба намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни сафари ҳайати рӯзноманигорон ба корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон -мавзеи Кончочи Айнӣ.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки боздиди намояндагони расонаҳои хабарӣ аз корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд» бо ташаббуси ҶСП «ТАЛКО Голд» дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар мамлакат, ташкил гардида, хабарнигорон бо фаъолияти қитъаҳои «Шоҳкон», «Кончоч», «Чулбоӣ» ва фаъолияти корхонаи маъдантозакунии ҶСП «ТАЛКО Голд», ки истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод амалӣ мешавад, аз наздик шинос гардиданд.

«Кончоч», «Шоҳкон» ва «Чулбоӣ» дар баландии 2770-3300 метр қарор доранд

Кони «Кончоч» аз се қитъа- «Кончоч», «Шоҳкон» ва «Чулбоӣ» иборат мебошад. Дар қитъаҳои зеризаминии конҳои «Кончоч» ва «Шоҳкон», ки дар баландии 2770 то 3300 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд, маъданҳои зеризаминӣ коркард мешаванд. Алҳол корҳои қабаткушоӣ дар ин конҳо идома дошта, дар як шабонаруз аз панҷ то шаш ҳазор тонна маъдан истихроҷ мешавад. Конҳои «Шоҳкон» ва «Кончоч» аз ҳафт кабат иборат буда, тамоми маъдане, ки дар конҳо мавҷуд аст, тариқи нақби нақлиётӣ ба корхонаи маъдантозакунӣ интиқол меёбад. Қитъаи сеюми кон –«Чулбоӣ» дар баландии се ҳазор метр ба тарзи кушод коркард мешавад.

Дар як шабонарӯз дар корхона 5 ҳазор тонна маъдан коркард мешавад

Корхонаи маъдантозакунии «ТАЛКО Голд» дар заминаи конҳои «Чулбоӣ», «Кончоч» ва «Шоҳкон» бунёд гардидааст. Сохтмони корхонаи маъдантозакунӣ соли 2018 оғоз гардида, соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дар корхона бо усули флотатсионӣ бой кардани маъдан ба роҳ монда шудааст. Иқтидори лоиҳавии коркарди шабонарӯзии корхона 5 ҳазор тонна ва иқтидори солона 1,5 миллион тонна маъдан мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳангоми ба иқтидори пурра баромадан истеҳсоли маъданҳо зиёд мешавад.

Барои бунёди «ТАЛКО Голд» 138 миллион доллар харҷ шудааст

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии «Тибет Хуаюй» 138 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардидааст.

Истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон амалӣ мешавад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати «Merco»- Финляндия васл шудаанд, ки дар соҳаи кӯҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешаванд.

Истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар раванди истеҳсолот ба самаранокии кор ва сифати маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.

«ТАЛКО Голд» тибқи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист бунёд гардидааст

Инчунин барои ифлос нашудани обҳои атроф, канали обгузар аз оҳану бетон бо дарозии 5 км сохта шудааст, ки тавассути он оби шохобаҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки он ба беҳдошти вазъи экологӣ ва муҳити зисти ин мавзеъ мусоидат менамояд. Ба гуфти масъулин, обҳои техникӣ дар коргоҳҳои бойгардонӣ батакрор бо тарзи занҷири сарбаста истифода мешаванд.

Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд шудааст, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Ҳамзамон ин иншоот дорои сарбанди регӣ буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Баландии садди анбори нигоҳдории партовҳо 55 метр мебошад.

Дар «ТАЛКО Голд» беш аз 1000 нафар фаъолият доранд

Дар корхонаи маъдантозакунии ҶСП «ТАЛКО Голд» беш аз 1000 нафар фаъолият дошта, аз он 850 нафарашро мутахассисони маҳаллӣ ва 150 нафарашро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Истеҳсолот дар корхона дар ду баст ва дар конҳо дар се баст ба роҳ монда шуда, ҳар коргар баъди се ҳафтаи корӣ як ҳафта истироҳат менамояд. Барои коргарон дар корхона тамоми шароит, аз ҷумла хобгоҳ ва 8 ошхона мавҷуд буда, коргарон се вақт бо хӯроки гарм ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Ба андешаи масъулини корхона, музди миёнаи маош дар корхона 8 ҳазор сомонӣ ва маоши аз ҳама баланд то 40 ҳазор сомониро (кор дар конҳо) ташкил медиҳад.

Бунёди корхонаҳои саноатӣ- қадами муассир дар самти саноатисозии мамлакат

Солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расида, ин иқдом ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорон ҷойи нави кор мусоидат намуд. Ин аст, ки моҳи апрели соли гузашта бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кончочи ноҳияи Айнӣ ба бунёди боз як корхонаи нави металлургӣ санги асос гузошта шуд, ки дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат нақши муассир мегузорад.

Tags: